Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳинаи раштӣ мехоҳад, таҳсил кунад, аммо..


Маҳина Худоёрова орзуи таҳсил дар Донишгоҳи тиббиро дорад.

Маҳина Худоёрова орзуи таҳсил дар Донишгоҳи тиббиро дорад.

Мактаби рақами 18-и деҳаи Яшм, ки Маҳина дар он ҷо мехонд, барои таҳсили 9-сола пешбинӣ шудааст. Онҳое, ки мехоҳанд, таҳсилро идома бидиҳанд, бояд ба се мактаби ҳамсоя муроҷиат кунанд.

Хайрулло Худоёров падари Маҳина, мегӯяд, чанд сол инҷониб ду мактаби наздики деҳ хонандагони рустои Яшмро барои идомаи таҳсил қабул намекунанд.

“Раҳбарони ин мактабҳо мегӯянд, ҷойи нишаст надоранд ва наметавонанд, фарзандони моро барои идомаи таҳсил бипазиранд. Аммо ман хеле мехоҳам ки духтари ман таҳсилашро пурра кунад ва ба Донишгоҳи тиббӣ қабул шавад.” –гуфт, Хайрулло Худоёров.

Khayrullo Khudoyorov

Khayrullo Khudoyorov

​Баъди муроҷиату талошҳо ва супориши раёсати маорифи Рашт яке аз мактабҳо, ба Маҳина иҷоза дод, онҷо биёяд. Волидайни Маҳина мегӯянд, духтарашон ҳамсабақе надорад, ки ҳамроҳи ӯ ба деҳаи ҳамсоя равад, аз ин Маҳина ҳам танҳо наметавонад, ба мактаби ҳамсоя равад.

Алимаҳмад Назриеви 16-сола, ҳамсабақи Маҳина гуфт, аз 6 духтаре, ки бо ӯ таҳсил мекард, панҷ нафараш бинобар дур будани роҳи мактаб аз идомаи таҳсил даст кашиданд. Алимаҳмад гуфт, 11 нафари онҳо ки писаронанд, ҳар рӯз шашуним километрро барои ба мактаби ҳамсоя рафтан тай мекунанд.

“Ҳар саҳар мо ду соати худро дар роҳ сарф мекунем ва баъди дарс гуруснаву хаста бармегардем. Роҳҳо ҳама пур аз сангу хок. Бароямон хеле мушкил аст.” – мегӯяд, Алиаҳмад.

“Ҳар саҳар мо ду соати худро дар роҳ сарф мекунем ва баъди дарс гуруснаву хаста бармегардем.

Омӯзгорони мактаби рақами 18-и деҳаи Яшм мегӯянд, бо вуҷуди он ки хонандагони онҳо болаёқатанд ва хоҳишманди гирифтани маълумоти асосиро доранд, аммо набуди чунин имконият дар мактаби деҳ, ба вижа духтарон таҳсили худро нотамом мегузоранд.

Қурбон Ҳасанов, мудири мактаби рақами 7-и деҳаи Шулмак, ки дар як километрии деҳаи Яшм қарор дорад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бинобар набуди ҷойи нишаст онҳо наметавонад, хонандагони деҳаи ҳамсояро қабул кунад.

”Мактаби мо соли гузашта 24 хатмкунанда дошт, аммо имсол 61 нафарро ба синфи якум қабул кард. Барои талабагони худи ҳамин мактаб 37 ҷойи нишаст ва синфхона намерасад. Муассиса худаш дар ҳолати мушкил қарор дорад” гуфт, мудири мактаб.

Водии Рашт ҳамеша мушкили мактаб доштааст.

Водии Рашт ҳамеша мушкили мактаб доштааст.

Баҳсҳо атрофи зиёд шудани хонандагон ва камбуди ҷойи нишаст дар водии Рашт дар ҳоле рӯ мезанад, ки қаблан дар ин минтақа баръакс синфхонаҳо холӣ буданд. Ҳоло волидайни хонандагон мегӯянд, бо вуҷуди иштиёқи онҳо барои таҳсили фарзандон, аксаран роҳи дури мактабҳо ва камбуди устодону “бемаззагӣ”-и дарсҳо ба тасмими онҳо монеа мешавад.

Яке аз омӯзгорони мактаби 18-деҳаи Яшм гуфт, онҳо борҳо ба мактаби асосӣ табдил додани муассисаашон муроҷиат кардаанд, вале натиҷа надод.

“Худатон тасаввур кунед, то хонандагон ба мактаби деҳаи дигар мераванд, якум соати дарс тамом мешавад. Ҳарчанд тибқи қонунгузорӣ бояд мактабҳои наздиктар ин хонандагонро қабул кунанд. Имсол шумораи хатмкунандгони синфи 9 то 26 нафар мерасад, ки аксарият духтаронанд. Маълум аст, ки бо чунин вазъият онҳо бо гирифтани шаҳодатномаи синфи 9 иктифо хоҳанд кард.” гуфт, ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.

Аммо мудири маорифи Рашт Холмаҳмад Ортиқов гуфт, барои ба мактаби миёна табдил додани мактаби деҳаи Яшм бинои иловагӣ ва ҳамчунин омода кардани омӯзгорон зарур аст.

”Мо дар ҷараён ҳастем. Шояд дар соли оянда ин мушкил ҳал мешавад ”- гуфт Ортиқов.

Бо вуҷуди он, ки вазорати маорифи Тоҷикистон ҳамасола аз бунёди мактабҳои нав хабар медиҳад, вале дар минтақҳои мухталиф бинобар афзоиши аҳолӣ мушкили камбуди мактабҳо ва синфхонаҳо ҳамоно боқӣ мемонад.

Бино ба арзёбии ахири Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал 30 дар сади духтарони тоҷик баъд аз таҳсили ҳатмӣ то синфи 9 дигар хонданро идома намедиҳанд ва ҳамин мушкил як сабаби дигари кам будани теъдоди духтарони тоҷик дар донишгоҳҳои олиии Тоҷикистон аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG