Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия интихоботи порлумонӣ оғоз шуд


Рӯзи 18-уми сентябр дар Русия интихоботи вакилон ба Думаи давлатӣ шурӯъ шуд. Нахустин нуқтаи райъдиҳиро дар Камчатка боз карданд. Бинобар тафовути вақт дар гӯшаҳои мухталиф Русия, дар баъзе нуқтаҳо овоздиҳӣ дертар ва дар бархеи дигар барвақттар оғоз мешавад. Дар интихоботи навбатӣ 14 ҳизби сиёсӣ барои 450 курсӣ дар порлумони ин кишвар мубориза мебаранд. Ба фарқ аз интихоботи гузашта, танҳо қисме аз номзадҳо аз рӯйхати ҳизбӣ вориди корзори интихобот шудаанд, боқӣ 225 нафар аз ҳавзаҳои якмандатӣ дар интихобот ширкат мекунанд. Як назарпурсии умумимиллӣ дар давоми ҳафтаи охир нишон медиҳад, ки ҳизби рӯ ба Кремли “Русияи воҳид” аз ҳимояти 50 дар сади интихобкунандагон бархурдор аст, ки ин барои ба даст овардани аксари курсиҳо дар парлумон кофӣ ҳаст. Дар интихоботи гузаштаи парлумонии Русия ошкор шудани тақаллубҳои зиёд боиси эътирозҳо шуд.

XS
SM
MD
LG