Пайвандҳои дастрасӣ

Кордкаше дар Миннесота 8 нафарро маҷрӯҳ кард


Дар шаҳри Сайнт Клоуди штати Миннесотаи Амрико шаби шанбеи 17-уми сентябр як мард 8 нафарро бо зарби корд маҷрӯҳ кардааст. Ҳангоми муқовимат нишон додан ҳамлагар аз ҷониби пулис кушта шудааст. Пулис сабабҳои даст ба ҷиноят задани ин мардро таҳқиқ дорад. Ба гуфтаи Блейр Андерсон, фармондеҳи пулис, фарди ҳамлавар калимаи "Оллоҳ"-ро ба забон овардааст. Вай гуфт, "мо таъйид кардем, ки ӯ пеш аз ҳамла аз як нафар пурсидааст, мусулмон аст, ё не." Афсари пулис ҳодисаро терроризм арзёбӣ накард ва гуфт, ки ҳоло ангезаҳои кордкашӣ маълум нест. Сайт Клоуд бузургтарин шаҳри аёлати Миннесота аст.

XS
SM
MD
LG