Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркиш дар Ню Йорк 29 нафарро захмӣ кард


Маъмурони амниятӣ ва пулис, маҳалли ҳодисаро муҳосира карданд ва бастанд.

Маъмурони амниятӣ ва пулис, маҳалли ҳодисаро муҳосира карданд ва бастанд.

Дар натиҷаи таркиш дар як маҳаллаи марказии шаҳри Ню Йорк дар Амрико 29 нафар захмӣ шудаанд. Мақомот гуфтанд, таркиши шаби рӯзи 17-уми сентябр натиҷаи инфиҷори абзори тарканда будааст. Маъмурони Хадамоти Федеролии Таҳқиқоти Амрико, вазорати амнияти миллӣ барои таҳқиқ ба минтақаи Челсӣ дар маҳаллаи Манҳеттен омаданд, як ҷойи серодами Ню Йорк аст. Билл де Бласио, шаҳрдори Ню Йорк гуфт, далелҳо вуҷуд дорад, ки таркиш «натиҷаи амали барқасдона» буд, вале гуфт ӯ, то ҳол «аломате дар бораи амали террористӣ будани таркиш вуҷуд надорад.» Шаҳрдори Ню Йорк ҳамчунин гуфт, маъмурони пулис маҳаллаи дигареро, ки гӯё онҷо ҳам абзори тарканда ёфт шудааст, таҳқиқ карданд. Ба гуфтаи Билл де Бласио, таркиш дар маҳаллаи Челсӣ дар Манҳеттен ба инфиҷори абзорҳои тарканда дар Ню Ҷерсӣ робита надоштаанд. Дар инҷо субҳи 17 –уми сентябр пеш аз як мусобиқаи дави хайрия, як бомби худсохт таркидааст, вале касе осеб надидааст.

XS
SM
MD
LG