Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони қуюди шабгардӣ дар Муҳманд


Pakistan -- Pakistani security officials inspect the site of a suicide bombing in Shabqadar, March 7, 2016

Pakistan -- Pakistani security officials inspect the site of a suicide bombing in Shabqadar, March 7, 2016

Дар минтақаи шимолу ғарбии Покистон, ки бар асари бомбгузории маргталабона камаш 30 кас ба ҳалокат расида ва 28 каси дигар захмӣ гардиданд, қуюди шабгардӣ ҷорӣ шуд. Баъди намози ҷумъаи 16 сентябр дар масҷиди деҳаи Пай Хони минтақаи қабилавии Муҳманд, ки дар марз бо Афғонистон қарор дорад, ҳамлаи маргталабона ба вуқӯъ пайваст.

Ҳангоми ҳамла камаш 200 кас дар дохили масҷид буданд. Мақомот дар ин минтақа амалиёти амниятӣ раҳандозӣ намудаанд. “Ҷамоати Аҳрор”, ки як ҷиноҳи ҷудоихоҳи ҷунбиши Таҳрики толибони Покистон аст, масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтааст.

Сарвазири Покистон Навоз Шариф ҳамларо маҳкум карда, афзудааст, ки ҳукумат мубориза бо ифротгароиро қотеона идома медиҳад. Амрико низ ҳамларо маҳкум карда, таъкид намудааст, ки ҳамкории Вашингтону Исломобод дар мубориза бо терроризм давом хоҳад ёфт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG