Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирозҳо аз ислоҳи Қонуни асосии Озарбойҷон. ВИДЕО


Рӯзи 17 сентябр дар Боку, пойтахти Озарбойҷон, зидди ислоҳи Қонуни асосии ин кишвар гирдиҳамоии эътирозӣ баргузор шуд. Ин гирдиҳамоиро, ки дар он мухолифони назархоҳии 26 сентябр ҷамъ шуда буданд, Шӯрои миллии нерӯҳои демократӣ бо иҷозаи ҳукумат ташкил кард.

Боздошти эътирозгарон дар Боку:

Дар назархоҳии умумардумӣ имкон дорад, ҷойгоҳи президенти ин кишвар Илҳом Алиев тақвият ёфта, муддати раёсати ҷумҳурӣ дароз карда шавад. Бар илова пешбинӣ мешавад, ки дар ин раъйдиҳӣ маҳдудияти синну соли довталабҳои курсии президентӣ аз байн бурда хоҳад шуд.

Фаъолони мухолифин шикоят доранд, ки дар арафаи референдум мақомот таъқиби рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва ходимони созмонҳои ҷамъиятиро бештар кардаанд. Онҳо аз кишварҳои ғарбӣ тақозо доранд, ки ба ҳукумати Озарбойҷон фишор оранд. Солҳои ахир бо поин шудани нархи нафт мушкилиҳои иқтисодиву иҷтимоии ин кишвари саршор аз захираҳои маводи сӯхт бештар шудаанд.

XS
SM
MD
LG