Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико интихоботи Русияро дар Қрим намепазирад


Таблиғи интихоботи порлумонии Русия дар Қрим
Таблиғи интихоботи порлумонии Русия дар Қрим

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон кард, ки қонунмандии баргузорӣ ва натиҷаҳои интихоботи Думаи давлатии Русияро, ки 18 сентябр дар ин кишвар ва аз ҷумла Қрим баргузор хоҳад шуд, эътироф нахоҳад кард. Ҷон Кирби, сухангӯи Департаменти давлатии Амрико, рӯзи 16 сентябр гуфт, “мавқеи мо дар робита бо Қрим ошкор аст. Нимҷазира қисмати ҷудонашавандаи Украина боқӣ мемонад. Таҳримҳои ҷоришуда вобаста ба Қрим нисбат ба Русия то замоне ки ин кишвар Қримро ба Украина бар нагардонад, боқӣ мемонад".

Вай афзуд, “мо, инчунин, аз вазъияти башарӣ дар Қрим, аз ҷумла аз мақоми ҷамоаи тоторҳо, хабарҳо дар бораи бедарак шудани онҳо ва нақзи ҳуқуқи инсон сахт нигарон ҳастем".

Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина қаблан Русияро ба он муттаҳам карда буд, ки Қримро ба «конслагер» табдил додааст. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Қирғизистон гуфт, ки «Русия нимҷазираи Қримро дар соли 2014 тасарруф накардааст, балки он бо иродаи сокинонаш ба Русия пайваст шуд».

XS
SM
MD
LG