Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷойи 14-уми Раҳмихудо дар Бозиҳои паралимпии Рио


Раҳмихудо Додихудоев
Раҳмихудо Додихудоев

Ширкати Раҳмихудо Додихудоев, варзишгари маълули тоҷик, дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XV тобистонаи паралимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия хотима ёфт. Раҳмихудо рӯзи 16 сентябр дар мусобиқаи интихобӣ дар давидан ба масофаи 400 метр миёни мардон дар байни 17 варзишгари маълул бо натиҷаи 56,34 сония дар ҷойи 14-ум қарор гирифт ва аз ҳаққи иштирок дар даври ниҳоӣ маҳрум гашт.

Раҳмихудо Додихудоев дар айёми кӯдакӣ ба бемории остеомиелит гирифтор шуд ва пизишкон натавонистанд, ки устухони дасти чапи ӯро муолиҷа намоянд.

Дар мусобиқаи интихобӣ давандаи Ямайка Шейн Ҳудсон бо нишондоди 49,53 сония мақоми аввалро касб кард. Эрнесто Бланко аз Куба (49,68 сония) дувум ва Гунтер Матзингер аз Австрия (49,9 сония) севум шуданд. Аз рӯи натиҷагирии мусобиқаи интихобӣ ҳашт нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд, ки аз Ямайка, Куба, Австрия, Кипр, Венесуэла, Бразилия, Кот д’ Ивуар ва Руанда мебошанд. Сабқати ниҳоӣ дар давидан ба масофаи 400 метр миёни мардон шоми имрӯз, 17 сентябр, доир хоҳад шуд.

Раҳмихудо Додихудоев рӯзи 10 сентябр дар мусобиқаи интихобӣ дар давидан ба масофаи 100 метр миёни мардон дар байни 14 иштирокдори пойга бо натиҷаи 12,89 сония дар ҷойи охирин қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ маҳрум гашт.

Зимнан, Раҳмихудо Додихудоев танҳо варзишгарест, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои XV тобистонаи паралимпӣ дар Рио-де-Жанейро муаррифӣ кард. Ба ҷуз Раҳмихудо Додихудоев, ба ҳайати варзишии Тоҷикистон Сафар Боев, раиси Кумитаи паралимпии кишвар ва Абдурауф Олимов, дабири кулли ин кумита, инчунин, як тарҷумон дохиланд.

Гузориши видеоӣ дар бораи Раҳмихудо:

Варзишгари таксирони тоҷик- даъвогари медали олимпӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Раҳмихудо Додихудоеви 26-сола дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Дар айёми кӯдакӣ вай ба бемории остеомиелит гирифтор шуд ва пизишкон натавонистанд, ки устухони дасти чапи ӯро муолиҷа намоянд. Раҳмихудо Додихудоев бо мошине, ки ба ӯ бародараш тақдим кардааст, таксиронӣ карда, рӯзгорашро пеш мебарад. Аз ин рӯ, имкони ба варзиш пайваста машғул шуданро надорад.

Раҳмихудо соли 2014-ум дар Бозиҳои осиёӣ дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар давидан ба масофаи 400 метр миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд мақоми шашумро касб кардааст. Ӯ соли 2015-ум дар шаҳри Сочии Русия дар мусобиқоти байналмилалӣ миёни варзишгарони маълул масофаи 400 метрро чорумин шуда тай намуд ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои паралимпии Рио-де-Жанейро мушарраф шуд.

Акс аз ҷараёни Бозиҳои паралимпии Рио-де-Жанейро
Акс аз ҷараёни Бозиҳои паралимпии Рио-де-Жанейро

Раҳмихудо Додихудоев ба Паралимпиадаи Рио таҳти раҳбарии мураббии варзида Ғайрат Неъматов омодагӣ дидааст. Оқои Неъматов рӯзи 17 сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Раҳмихудо дар Паралимпиадаи Рио дар давидан ба масофаҳои 100 метр (12,89 сония) ва 400 метр (56,34 сония) нишондодҳои инфиродиашро беҳтар кард.

Бозиҳои XV тобистонаи паралимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, ки 7 сентябр шуруъ шуданд, шаби якшанбеи 18 сентябр ба анҷом мерасанд. Дар ин бозиҳо беш аз 4000 варзишгар аз 160 кишвари ҷаҳон барои 528 маҷмӯи медалҳо дар 23 намуди варзиш рақобат карданд. Баъди натиҷагирии нӯҳ рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XV тобистонаи паралимпӣ дар садри феҳрасти кишварҳои ҷоизадор мунтахаби Чин бо касби 217 медал (94 тило, 74 нуқра ва 49 биринҷӣ) қарор дорад.

Британияи Кабир бо касби 126 медал (58 тило, 33 нуқра ва 35 биринҷӣ) дар ҷойи дувум аст. Украина бо касби 106 медал (38 тило, 33 нуқра ва 35 биринҷӣ) дар ҷойи севум мебошад.

Ба даҳгонаи беҳтарин, инчунин ИМА (36-38-29), Австралия (17-26-25), Олмон (15-21-13), Нидерланд (13-18-24), Бразилия (12-25-23), Зеландияи Нав (9-5-5) ва Италия (8-13-12) дохиланд. Умуман, то ҳоло варзишгарони 81 кишвар медалҳои Паралимпиадаи Рио-2016-ро ба даст овардаанд. Варзишгарони 62 кишвар барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои XV тобистонаи паралимпӣ шудаанд.

Аз миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Украина боз ҳафт кишвар – Узбакистон (7 медали тилло, 6 медали нуқра ва 17 медали биринҷӣ – ҷойи 16-ум), Беларус (7 медали тилло ва 2 медали биринҷӣ – ҷойи 17-ум), Литва (2 медали тилло ва 1 медали нуқра – ҷойи 43-юм), Латвия (2 медали тилло ва 1 медали биринҷӣ – ҷойи 44-ум), Озарбойҷон (1 медали тилло, 6 медали нуқра ва 2 биринҷӣ – ҷойи 47-ум), Қазоқистон (1 медали тилло ва 1 медали нуқра – ҷойи 56-ум) ва Гурҷистон (1 медали тилло – ҷойи 59-ум) - ба гирифтани медалҳои паралимпии Рио мушарраф гаштаанд.

Вале дар Паралимпиадаи Рио варзишгарони шаш кишвари собиқи шӯравӣ – Арманистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эстония - медал ба даст наовардаанд. Иштироки варзишгарони паралимпии Русия дар ин бозиҳо баъди фош шудани истеъмоли допинг аз ҷониби варзишгарон, аз ҷумла варзишгарони маъюб, манъ шуд.

XS
SM
MD
LG