Пайвандҳои дастрасӣ

Порошенко: Қрим ба "урдӯгоҳи консентратсионӣ" табдил шудааст


Петр Порошенко

Петр Порошенко

Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина, Русияро ба он муттаҳам кард, ки нимҷазираи Қримро ба “урдӯгоҳи консентратсионӣ” табдил додааст ва аз кишварҳои ғарбӣ хост, ба зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кунанд. Петро Порошенко ҳангоми суханронӣ дар конфронси солонаи Стратегияи аврупоии Ялта дар Киев гуфт, баъди ишғоли Қрим дар моҳи марти соли 2014, Русия нисбат ба шаҳрвандони Украина дар Қрим ва аз ҷумла тоторҳои инҷо “сиёсати саркӯбгароёна”-ро пеш гирифааст. Раиси ҷумҳури Украина афзуд, Амрикову Иттиҳодияи Аврупо ва дигар кишварҳо бояд барои дахолати Русия дар умури Украина таҳримҳо алайҳи Маскавро ҳамчунон идома бидиҳанд. Ӯ зимни сӯҳбат дар бораи ислоҳот дар кишвараш гуфт, барои ислоҳи низоми додгоҳӣ, ки “охирин майдони фасод” боқӣ мондааст, 200 додраси навро таъин мекунад.

XS
SM
MD
LG