Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико ният дорад, рахнагарони русро ба ҷавобгарӣ кашад. ВИДЕО


Кохи Сафед мегӯяд, талош дорад, рахнагарони интернетии русро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашад, ки бо дуздидани иттилоот мехоҳанд, интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрикоро халалдор кунанд. Айни замон Конгресси Иёлоти Муттаҳида ҷорӣ кардани таҳримро як роҳи танбеҳ додан ба онҳо номидааст.

Хабаргузории Ройтерс менависад, FBI ё Хадамоти таҳқиқоти федеролии Амрико саъй дорад, бо ҷамъ кардани далелҳои кофӣ, баъзе аз рахнагарони интернетии русро ба ҷавобгарӣ бикашад. Аммо ин кор мушкил будааст, чун беҳтарин далелҳое, ки ҳукумат дорад, иттиллоти махфӣ ҳастанд ва набояд нашр шаванд.

​Мақомоти Вазорати умури хориҷии Амрико гуфтаанд, ба ҷавобгарӣ кашидани рахнагарон беҳтарин аксуламал ба талошҳои афзояндаи Русияро барои халалдор кардани интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар моҳи ноябр аст. Ба навиштаи хабаргузории Ройтерс, ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ба ин бовар аст, ки ГРУ ва ФСБ ду идораи ҷосусӣ ва иттилоотии Русия дар паси ҳамлаҳои интернетӣ ба Амрико меистанд, ки вақтҳои бештару ошкортар шудаанд.

Ба эътиқоди баъзе аз мақомоти Амрико, Русия байни ниҳодҳои ҷосусии низомӣ ва ғайринизомиаш мусобиқа эълон кардааст, ки кадоми онҳо аз иттиллои аз ҳама зиёновар барои интихоботро дуздида ва нашр мекунад. Ба навиштаи хабаргузории Ройтерс, баъди дуздидани иттилои Кумитаи миллии Ҳизби демократ ва дипломатҳои собиқи Амрико, мақомоти Иёлоти Муттаҳида ба ин хулоса расидаанд, ки ҳадафи Русия на фақат нишон додани бартарии як номзад ба номзади дигар, балки беобрӯ кардани интихобот ва демократия дар Амрико аст.

XS
SM
MD
LG