Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Путин аз пуле, ки Қримро бо Русия мепайвандад


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, барои ошноӣ бо корҳои сохтмонӣ дар пуле, ки бояд ниҷазираи ишғолшудаи Қримро бо Русия баҳам биёрад, ба мавзеи Керч сафар кард. Қарор аст, ки пули 19-километрӣ моҳи декабри соли 2018 ифтитоҳ шавад. Путин гуфт, бунёди ин пул ҳамоиши комили Қримро бо сохтори нақлиётии Русия таъмин мекунад ва имкони рушди иқтисодро ба миён меорад. Ин тарҳ бунёди ду хати роҳи оҳан ва шоҳроҳи иборат аз чаҳор хати ҳаракатро дар атрофи гулӯгоҳи Керч дар назар дорад. "Соли равон мо 5 миллиард рублро барои сохтмони роҳ дар Қрим ҷудо кардем, ки ҳаҷми умумии маблағ имсол 18 миллирд рубл буд", - гуфт Путин. Русия нимҷазираи Қримро, ки бахши хоки Украина аст, соли 2014 ба таври ғайриқонунӣ ишғол кард.

XS
SM
MD
LG