Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Трамп зодаи Амрико будани Обамаро эътироф намекунад


Сарфи назар аз изҳороти Ҷейсон Миллер, сухангӯи маъракаи интихоботии номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ, ки Доналд Трамп мутаваллиди Амрико будани Барак Обамаро эътироф мекунад, худи номзад дар сӯҳбат бо нашрияи "Вашингтон Пост" аз посухи ин суол фирор кард. "Ман ба ин суол дар фурсати муносиб посух мегӯям, ҳоло намехоҳам ҷавоб диҳам", - гуфт Трамп. Ӯ аз раҳбарони ҷунбише буд, ки иддао мекарданд, Обама дар Амрико таваллуд нашудааст ва ҳаққи президент буданро надорад. Обама дар иёлати Ҳаваии Амрико таваллуд шудааст. Маъракороёни Трамп рақиби ӯ Ҳилларӣ Клинтонро ба "бадгӯӣ" дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ муттаҳам карданд. Клинтон дар посух гуфтааст, "шахсе, ки ҷунбиши нажодпарастиро раҳбарӣ кардааст, наметавонад ҷойгузини Обама бошад.

XS
SM
MD
LG