Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Штайнмайер: Оташбас дар Украина риоя мешавад


Франк-Валтер Штайнмайер

Франк-Валтер Штайнмайер

Франк-Валтер Штайнмайер, вазири корҳои хориҷии Олмон, мегӯяд, ки низоми нави оташбас дар шарқи Украина пурра риоя мешавад. "Албатта, ҳанӯз суҳбат кардан дар ин бора барвақт аст. Вале хабари нозирони САҲА, ки оташбас то шоми дирӯз риоя шудааст, маро руҳбаланд кард", - гуфтааст Штайнмайер ҳангоми боздидаш аз шаҳри Краматорск. Ин шаҳри воқеъ дар шарқи Украина зери идораи нерӯҳои ҳукуматӣ қарор дорад. Вазири умури хориҷии Олмон афзудааст, "ин бозгӯкунандаи он аст, ки ҷонибҳо метавонанд, вазъро бо иродаи сиёсӣ назорат кунанд."

Александр Мотузанюк, намояндаи Вазорати дифои Украина гуфт, аз дишаб ба ин сӯ ҷудоихоҳон 6 бор низоми оташбасро вайрон кардаанд. Ин дар ҳолест, ки намояндагони шӯришгарон мегӯянд, ҷудоихоҳон тирборон шудаанд. Раҳбарони ҷудоихоҳон дар вилоятҳои Донетск ва Луганск 14 сентябри соли равон оташбаси якҷониба эълон карданд.

Қаблан ҷонибҳо ба созиш расида буданд, ки амалҳои хушунатомезро дар оғози соли нави таҳсил қатъ мекунанд, вале ин ваъда иҷро нашуд. Аз моҳи апрели соли 2014 дар натиҷаи даргириҳои Украина 9 ҳазору 600 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG