Пайвандҳои дастрасӣ

Аз 1 октябр нархи барқ дар Узбакистон қимат мешавад


Ширкати "Узбекэнерго"-и Узбакистон хабар додааст, ки аз 1 октябри соли равон нархи нерӯи барқ барои сокинон ва корхонаҳои ин кишвар боло хоҳад рафт. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ширкат болоравии нархи барқро дар Узбакистон ба афзоиши қиммати захираҳои сӯзишворию энергетикӣ марбут хондааст. Ба ҳисоби миёна, ин баландравӣ 5%-ро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, сокинони хонаҳои бисёрҳуҷрагии Узбакистон минбаъд барои 1 киловат соат нерӯи барқ ба ҷои 182 сӯм ($0,02) 191 сӯм ($0,03 бо қурби бозор) пардохт хоҳанд кард. Ба хонаҳои хусусии муҷаҳҳаз бо оташдонҳои барқӣ бар ивази 95,5 сӯм ($0,01) барқ фурӯхта мешавад. Ёдрас мешавем, бори охир арзиши барқ дар Узбакистон моҳи апрели соли равон боло рафта буд, ки он замон 9%-ро ташкил медод.

XS
SM
MD
LG