Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радди эҳтимоли аз саргирии гуфтушуниди сулҳи Сурия


Ҷорҷ Сабра
Ҷорҷ Сабра

Мухолифони Сурия хабарҳоро дар бораи муайян шудани замони аз саргирии гуфтушунидҳои сулҳ рад карданд. Ҷорҷ Сабра, узви "Кумитаи олии музокирот"-и нерӯҳои мухолиф гуфтааст, умедҳо ба ҳалли осоиштаи буҳрони Сурия хеле каманд. Зеро, ба қавли ӯ, режими президент Башор Асад ҳамеша низоми оташбасеро, ки 12 сентябр эълон шудааст, вайрон мекунад.

Қаблан Геннадий Гатилов, муовини вазири корҳои хориҷии Русия гуфта буд, ки давраи нави гуфтушуниди сулҳ бо миёнаравии СММ эҳтимол аст, охирҳои моҳи сентябри соли равон оғоз шавад. Русия нерӯҳои мухолифи Сурияро дар он айбдор мекунад, ки низоми оташбасро риоя намекунанд ва ҳамчунин иддао дорад, ки Иёлоти Муттаҳида на ҳамаи масъулиятҳои ба зимма гирифтаашро иҷро мекунад. Игор Конашенков, намояндаи вазорати дифои Русия рӯзи 15 сентябр гуфт, гуруҳҳои мухолифи Сурия, ки аз сӯи Вашингтон ҳимоят мешаванд, тирборон кардани минтақаҳои аҳолинишинро пурзӯр кардаанд.

Ҷон Керри, котиби давлатии ИМА ва Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ба ин ҳама нигоҳ накарда, созиш карданд, ки бо мақсади коҳиши буҳрони инсонӣ дар Сурия низоми оташбас 48 соати дигар дароз карда шавад.

XS
SM
MD
LG