Пайвандҳои дастрасӣ

Ирина Петрушова, ҳаммуассиси сомонаи мухолифи "Республика" дар Қазоқистон хабар дод, ки сомона баста шудааст. "Имрӯз ҳам фаро расид, ки идораи "Республика" дар бораи қатъи фаъолияташ иҷборан хабар диҳад. Аризаи қатъи фаъолият ба ниҳодҳои дахлдор фиристода шудааст. Мо корро қатъ мекунем", - навиштааст Ирина Петрушова.

Ба гуфтаи вай, ин тасмими дастҷамъии рӯзноманигорони идораи сомона аст. Петрушова мегӯяд, сабабҳои басташавӣ мушкилоти техникӣ, молӣ ва дигар омилҳоест, ки "барои огоҳони вазъи сиёсии кишвар пӯшида нест". "Республика" дар соли 2000 дар шакли нашрия чоп мешуд ва аз ҳамон ибтидо рӯзномангирони нашрия таъқиб мешуданд. Соли 2012 нашри чанде аз расонаҳои мухолиф, аз ҷумла нашрияи "Республика" аз сӯи додгоҳи Қазоқистон манъ шуд.

XS
SM
MD
LG