Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Тоҷикистон дар нишасти сарони СНГ иштирок мекунад


Соли 2015
Соли 2015

Рӯзи 16 сентябр дар шаҳри Бишкек нишасти сарони кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ баргузор мешавад, ки дар кори он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам иштирок мекунад. Ёвари президенти Русия Юрий Ушаков дар сӯҳбат бо Интерфакс гуфтааст, ки соли оянда бино ба раҳбарии давраии созмонро рад кардани Молдова, навбати раҳбарии давраии Русия мерасад. Қарор аст президент Путин дар бораи барномаҳои кории ин созмон дар соли 2017 сӯҳбат кунад.

Ин нишаст ба 25-солагии таъсиси худи созмон баъди пошхӯрии шӯравӣ бахшида мешавад. Ушаков гуфтааст, ки ин созмон тавонист, ки бар пояи «эътимод, баробарҳуқуқӣ, назардошти манфиатҳои кишварҳои узв ба пешрафти ҳар кишвар аз рӯи дидгоҳи худ» фаъолияти худро ба роҳ монад. Ба гуфтаи ӯ, ширкати худ дар ин ҳамоишро президентони Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Тоҷикистон тасдиқ кардаанд.

Аз Молдова дар ин нишаст нахуствазир, аз Туркманистон – муовини нахуствазир, аз Ӯзбакистон – вазири хориҷа ва аз Украина – сафири ин кишвар дар Бишкек намояндагӣ хоҳанд кард. Иловатан барои ширкат дар ин ҳамоиш намояндагони созмонҳои минтақавии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Комиссиюни иқтисодии Авроосиё даъват шудаанд.

Иттиҳоди давлатҳои Муштарак-ул-Манофеъ 8 декабри соли 1991 баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис шуда, то имрӯз ба узвияти он 10 ҷумҳурии шӯравии собиқ - Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон шомил ҳастанд. Гурҷистон ҳеҷ гоҳ ба узвияти ин созмон шомил нашуда, Украина протоколи созишномаро тасвиб накардааст.

XS
SM
MD
LG