Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"ИМА ба рушди фасоди Афғонистон саҳм мегузорад"


Сармуфаттиши холиси Амрико дар умури бозсохти Афғонистон (SIGAR) мегӯяд, ки Амрико ба рушди фасод дар Афғонистони ҷангзада саҳм гузоштаст, аммо ҳозир нест, ки андозаи ин мушкилотро эътироф кунад. Идораи нозири кулли Амрико дар умури бозсохти Афғонистон рӯзи 14 сентябр гуфт, ки фасод рисолати Амрикоро дар Афғонистон заиф мекунад, ба оташи норозиҳо равған мерезад ва ба кумаки шӯришгарон ҳидоят мекунад. "Фасод дар Афғонистон чолиши бузурги амниятӣ, эътидоли сиёсӣ ва рушд аст", - гуфтааст Идораи нозири кулл. Ин ниҳод, инчунин, мегӯяд, ҳадафҳои низомиву сиёсии Амрико бар мубориза бо фасод бартарӣ доштаанд ва мубориза бо фасод бинобар набуди тааҳҳуди сиёсии пойдор камтарин пешрафт доштааст. Афғонистон яке аз фасодзадатарин кишварҳои ҷаҳон унвон мешавад ва дар шохиси кишварҳои фасодкор дар соли 2015 дар ҷойи 166 қарор дорад.

XS
SM
MD
LG