Пайвандҳои дастрасӣ

Эҳтимоли қатъи газу барқ ва оби бепул дар Туркманистон


Иштирокдорони Шӯрои солмандони Туркманистон пешниҳод кардаанд, ки истифодаи газ, барқ ва оби бепул дар ин кишвар қатъ шавад. Мухолифони обу барқу гази ройгон гуфтаанд, вазъи молии мардум дар кишвар хуб шудааст ва бояд барои истифодаи ин хизматрасониҳо пул ситонда шаванд. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, гуфтааст, бояд бо эҳтиёт ба ин масъала бархурд кард. Дар ҳамин ҳол, вай аз ҳукумат хостааст, ки пешниҳоди мазкурро санҷад ва қарори муносиб қабул кунад.

XS
SM
MD
LG