Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари вазирони хориҷии Олмону Фаронса ба шарқи Украина


Вазирони умури хориҷии Олмону Фаронса бо сафаре ба шарқи Украина рафтанд, ки аз замони оғози низои Украина бо ҷудоихоҳони русгаро дар соли 2014, аввалин бор сурат мегирад. Вазири корҳои хориҷии Олмон Франк-Валтер-Штейнмайер ва ҳамтои фаронсавии ӯ Жан-Марк Эйро рӯзи 15 сентябр вориди Краматорск, шаҳри таҳти назорати Украина, шуданд. Дар роҳи сафар ин ду нафар даҳҳо тазоҳуротгарро диданд, ки бо навиштаҷооти "Ба мақоми вижаи Донбасс "не" бигӯ" - онҳоро истиқбол карданд.

Рӯзи гузашта мақомоти Украина ба оташбас дар шарқи кишвар розӣ шуданд, ки аз имрӯз амалӣ мешавад ва ҳудудан як ҳафта давом мекунад. Эълони оташбас баъди мулоқоти Штайнмайер ва Эйро бо президенти Украина Петро Порошенко дар Киев пахш шуд. Ду вазир аз ҳукумати ин кишвар даъват карданд, ки масъулияти худро дар баробари созишномаи Минск иҷро кунад. Ин созишнома моҳи феврали соли 2015 ба имзо расида буд. Созишномаи сулҳ баргузории интихоботро дар минтақаи таҳти назорати ҷудоихоҳон ва қисман додани мухторият ба Донбассро дар назар дорад.

XS
SM
MD
LG