Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистону Русия омодагии худро ба ҳамлаҳои ногаҳонӣ санҷиданд. АКС


Фармондеҳи пойгоҳи 201-и Русия эълон кард, ки вазъи амниятии минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, чандон нигаронкунанда нест ва размоиши якҷояи нирӯҳои Тоҷикистону Русия дар Лоҳур танҳо санҷиши омодагӣ ба ҳамлаҳои ногаҳонӣ буд. Полковник Константин Гапоненко рӯзи 15 сентябр дар размоишгоҳи Лоҳур дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, "ин тамрин шаҳодати бад шудани вазъи минтақа нест. Мо бояд ҳамеша омода бошем ва барои ҳамин як бори дигар нирӯи худро санҷидем. Аз ин бештар шарҳ надорад."

Изҳороти Гапоненко дар бораи вазъияти минтақа ва Тоҷикистон дар ҳолест, ки тақрибан ду сол боз мақомоти Русия ва Тоҷикистон аз бад шудани вазъ Афғонистон нигаронанд ва борҳо аз хатари эҳтимолӣ аз он сӯи Омӯ ҳарф задаанд.

Нирӯҳои Тоҷикистону пойгоҳи 201-и Русия эълон доштанд, ки барои муқобила бо ҳар гуна хатарҳо дар кишвар омода ҳастанд ва якдигарро дар чунин мубориза танҳо нахоҳанд гузошт.

Марҳилаи ниҳоии размоиши муштараки нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия рӯзи 15 сентябр дар размоишгоҳи Лоҳур, 25-километрии ҷанубуғарби шаҳри Душанбе, баргузор шуд. Дар ин размоиш ҳудуди ҳазор сарбозу афсар иштирок карда ва аз 200 техникаи ҳарбӣ истифода шудааст. Онҳо душмани шартиеро саркӯб карданд, ки як биноро таҳти тасарруфи худ дароварда буд.

Дар ин размоиш баталёни гурӯҳи тактикии пойгоҳи низомии 201, гурӯҳи амалиётӣ ва ротаи таъиноти махсуси Вазорати дифоъ, гурӯҳи таъиноти махсуси нирӯҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва гурӯҳи таъиноти махсуси қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иштирок карданд.

Намояндаи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Илҳом Алиев дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, тасмим шудааст, ки нирӯҳои Тоҷикистону пойгоҳи 201 дар як сол ду бор тамрини низомӣ гузаронда, ба ҳамагуна ҳамлаҳои ногаҳонӣ омода шаванд. "Агар сулҳ мехоҳӣ, ба ҷанг тайёр бош. Ҳар лаҳза ҳар ҳодиса шуданаш мумкин аст. Ҳар лаҳза метавонад ҳодисаҳои ногувор ва ҳамлаҳои ногаҳонӣ рух диҳад ва дар ин ҳолат омодагии нирӯҳо бисёр муҳим аст", - гуфт Илҳом Алиев.

Нирӯҳои Тоҷикистону пойгоҳи 201-и Русия эълон доштанд, ки барои муқобила бо ҳар гуна хатарҳо дар кишвар омода ҳастанд ва якдигарро дар чунин мубориза танҳо нахоҳанд гузошт. Ин нахустин размоиши муштараки нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201 – Русия дар соли ҷорӣ аст. Аммо моҳи апрели соли ҷорӣ дар размоишгоҳи “Мағоб” тамрини муштараки нирӯҳои кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) зери номи “Ҷустуҷӯ-2016” сурат гирифта буд.

Дар ин размоиш “гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва террорист, ки вориди Тоҷикистон шудаанд”, тавассути ҳавопаймоҳою чархболҳои ҷангӣ ва нирӯҳои заминӣ нобуд шудаанд. Размоиш зери назари вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва Сардори ситоди СПАД генерал-полковник Анатолий Сидров сурат гирифт.

Пойгоҳи ҳарбии 201 дар Тоҷикистон бо 7 ҳазор сарбозу афсараш яке аз пойгоҳҳои бузург дар хориҷи ин кишвар ба ҳисоб мерафт, аммо солҳои охир Русия теъдоди сарбозонашро дар ин пойгоҳ дар Тоҷикистон камтар кардааст. Инчунин, соли гузашта Русия нирӯ ва таҳҷизоти низомиашро аз минтақаи Кӯлоб берун кашида, дар размоишгоҳи Лоҳур дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир кард. Ин пойгоҳ то соли 2042 ҳақ дорад, ки дар Тоҷикистон бимонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG