Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар даври дуввуми сабқат


Президенти Бонки Ҷаҳонӣ Ҷим Йонг Ким дар даври дуюми сабқат барои курсии раёсати ин сохтори муҳими молӣ, бидуни рақиб барои панҷ соли дигар пирӯз шуд. Муҳлати пешбарии номзадҳо ба ин мақом 14 сентябр ба поён расид ва дар ин муддат ҳеҷ довталаб ҳозир нашуд, ки Кимро ба чолиш бикашад. Ба дунболи ин ҳайати иҷроияи Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, ки бо Ким расман мулоқот мекунад ва раванди интихобро то 3 октябр, то оғози нишасти солонаи Бонки Ҷаҳонӣ, ба поён мерасонад.

Ҷим Йонг Кими 56-сола амрикоии кореятабор аст, ки тахассуси пизишкӣ дорад ва тамаркузи бонкро ба коҳиши фақри шадид равона кардааст. Ӯ дар даври дуюми сабқат аз пуштибонии Иёлоти Муттаҳида, Фаронса, Олмон, Чин ва дигар саҳҳомони умдаи Бонки Ҷаҳонӣ бархӯрдор шуд.

Даври аввали раҳбарии Ким 30 июн ба охир расид. Тибқи қонуни нонавишта, аз замони Ҷанги дввуми ҷаҳонӣ, раҳбари бонк ҳамеша амрикоӣ буд ва ӯро Вашингтон интихоб мекард. Аммо соли 2012 ва имсол Бонки Ҷаҳонӣ тасмим гирифт, ки номзади миллатҳои дигар низ дар ин раванд иштирок кунанд. Ким аз аввалин номзадҳои Амрико буд, ки соли 2012 бо Вазири молияи Нигерия, Нгози Оконё-Лвила вориди сабқат шуд ва пирӯз омад.

XS
SM
MD
LG