Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи як тоҷик барои даъвати пайвастан ба ДИИШ дар зиндон


Дар додгоҳи Нижний Тагили Русия баррасии парвандаи як шаҳрванди Тоҷикистон бо айби “даъвати ошкор барои пайвастан ба сафи “Давлати исломӣ” шурӯъ шудааст. Аз ин шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда намешавад, вале дафтари матбуоти додгоҳи Нижний Тагил мегӯяд, ӯ ҳангоми адои ҷазо дар зиндони рақами 5-и ин шаҳр маҳбусонро барои пайвастан ба гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” даъват кардааст. Қарор буд, ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудааст, пас аз 6 моҳ аз маҳбас озод шавад. Ҳамакнун дар сурати собит шудани айби ворида мумкин аст ин шахс ба муддати 4 сол равонаи зиндон шавад.

XS
SM
MD
LG