Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА ситоди ягонаи амалиёти низомӣ ташкил мекунад


Жан-Клод Юнкер, раиси Комиссияи Аврупо
Жан-Клод Юнкер, раиси Комиссияи Аврупо

Иттиҳоди Аврупо мехоҳад, ки ситоди ягонаи амалиёти низомӣ таъсис диҳад. Ин қадами нахустин дар ташкили қувваҳои мусаллаҳи муштараки Иттиҳоди Аврупо, ба иловаи НАТО хоҳад буд. Ин нуктаро Жан-Клод Юнкер, раиси Комиссияи Аврупо 14 сентябр дар иҷлосияи порлумони иттиҳод дар Страсбург баён дошт.

Раиси Комиссияи Аврупо гуфт, артиши кишварҳои ИА дар алоҳидагӣ тавони муқобила бо тундравон ва фишорҳои Русияро надоранд. Ба гуфтаи вай, ИА баъди ихроҷи Бритониё ташкили ситоди муштаракро оғоз мекунад. Юнкер афзуд, комиссияи зери раҳбарияш то охири соли равон Фонди дифои Аврупоро таъсис медиҳад, ки сармояаш ба пажуҳиш ва навовариҳо дар ин соҳа равона хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки Федерика Могерини, раҳбари дипломатияи ИА қаблан таъсиси қувваҳои мусаллаҳи муштараки Аврупоро рад карда буд. Баъдан вай стратегияи нави сиёсати хориҷии Аврупоро муаррифӣ кард, ки ба ҳамкорӣ дар соҳаи дифоъ даъват мекунад.

XS
SM
MD
LG