Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши Амрико ва Русия барои тамдиди оташбас дар Сурия


Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ва ҳамтои амрикоияш Ҷон Керри созиш кардаанд, ки бо мақсади коҳиши буҳрони Сурия муҳлати оташбасро дар ин кишвар 48 соати дигар дароз кунанд. Марк Тоунер, намояндаи Департаменти давлатии Амрико гуфт, бо вуҷуди баъзе хабарҳо дар бораи задухӯрдҳои алоҳида, низоми оташбас дар маҷмуъ риоя шуда, сатҳи хушунат низ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Русия, Лавров дар суҳбат бо Ҷон Керри гуфтааст, мухолифони муътадили Сурия, ки аз сӯи Вашингтон ҳимоят мешаванд, бояд аз гуруҳҳои тундрав ва "Ҷабҳат ун-Нусра" ҷудо карда шаванд. Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи 14 сентябр аз ИМА ва Русия дубора даъват кард, ки барои расонидани кумаки башардӯстонаи фаврӣ ба шаҳрвандони Сурия шароитро фароҳам кунанд.

ИМА ва Русия 9 сентябри соли равон дар бораи оташбаси 12 сентябри Сурия ба созиш расида буданд.

XS
SM
MD
LG