Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саммити раҳбарони ИДМ: Кӣ меравад, кӣ намеравад?


Сафар Исоқов
Сафар Исоқов

Рӯзи 16 сентябр дар Бишкек 25-умин солгарди саммити раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Сафар Исоқов, сардори Шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки дар ин саммит раҳбарони кадом кишварҳо иштирок ва ё онҳоро кӣ намояндагӣ хоҳад кард.

Ба қавли Исоқов, президентҳои Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон дар саммити мазкур иштирок карда, ҳайати Узбакистонро вазири корҳои хориҷӣ, Туркманистонро муовини раиси девони вазирон ва Украинаро сафираш дар Қирғизистон раҳбарӣ мекунанд. Ҳамчунин, Сергей Лебедев, раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ низ ширкат хоҳад варзид.

Сафар Исоқов афзуд, дар Молдова қарор аст, интихоботи президентӣ баргузор шавад ва аз ин рӯ, ин кишварро сарвазираш намояндагӣ мекунад. "Президенти Туркманистон низ зимни суҳбати телефонӣ бо Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон гуфт, дар робита ба тағйири Қонуни асосӣ як қатор чорабиниҳои сиёсӣ дар кишвараш ба нақша гирифта шудааст ва аз ин рӯ Ишқободро муовини раиси ҳукумат намояндагӣ мекунад", - афзуд вай.

Сардори Шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон таъкид кард, ки иштироки ҳайати Узбакистон дар сатҳи вазири корҳои хориҷӣ бозгӯи сард шудани равобити Бишкеку Тошканд нест. "Ин танҳо ба корҳои дохилии Узбакистон, омодагӣ ба интихоботи президентӣ марбут аст. Дирӯз миёни сарвазирони ду кишвар гуфтугӯи хеле гарм сурат гирифт", - илова кард Исоқов.

XS
SM
MD
LG