Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Назарбоев: Баъди 2020 "ҳама чиз хуб мешавад"


Нурсултон Назарбоев

Нурсултон Назарбоев

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, гуфт, кишвараш соли 2017 аз буҳрон берун омада ва соли 2020 дар Қазоқистон ҳама чиз "хуб хоҳад шуд". Назарбоев гуфтааст, интизор дорад, ки қимати маҳсулоти содиротӣ баъди чанд сол боло меравад. Вай афзудааст, дар кишвараш корхонаҳои нави саноатӣ ба истифода дода хоҳанд шуд.

Президенти Қазоқистон мегӯяд, аз ҳукумати наваш "фаъолияти пурсамар"-ро интизор аст. Дар Қазоқистон, ҳамчунин, вазорати дин ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис шудааст. Вазорати навро котиби пешини Шӯрои амният Нурлан Ермекбоев роҳбарӣ мекунад. Таъсиси вазорати навро Назарбоев "талаботи рӯз" номидааст.

XS
SM
MD
LG