Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонӣ хатна шудани занони Доғиситонро месанҷад


Додситонии кулли Русия маълумот дар бораи таҷрибаи хатна шудани занонро дар Доғистон мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Хабаргузории РИА Новости дар ин бора бо ишора ба номае гузориш додааст, ки додситонӣ бо дархости намояндагони Палатаи ҷамъиятӣ ба ин минтақа фиристод. Раиси Маркази ҳамоҳангсози мусалмонони Қафқози Шимолӣ Исмоил Бердиев моҳи августи соли равон тасдиқ кард, ки хатнаи занон дар баъзе мавзеъҳои Доғистон таҷриба мешавад. Ӯ, инчунин, гуфт, ки хатнаи занон ба хотири ҷилавгирӣ аз фаҳшо дар замин зарур аст. Бердиев баъдан аз суханони худ, ки валвалаи зиёдро ба бор овард, даст кашид. Чанде пеш бунёди "Ибтикори ҳуқуқӣ" гузоришеро дар бораи хатнаи занон дар Доғистон ба нашр расонд ва гуфт, ки духтаронро дар синни 12-солагӣ хатна мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ ин амалро нақзи ҳуқуқи инсон ва бадтарин табъизи занон унвон кардаанд.

XS
SM
MD
LG