Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии Тоҷикистон аз санҷиши ҳастаии Куриёи Шимолӣ


Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Тоҷикистон аз озмоиши силоҳи ҳастаӣ дар Куриёи Шимолӣ нигаронӣ кардааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 14 сентябр бо пахши изҳороти расмӣ гуфт, "дар мавриди нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба озмоиши силоҳи ҳастаӣ дар санаи 9 сентябри соли 2016 дар Кореяи Шимолӣ ҳамақида ҳастем." Ба қавли мақомоти Вазорати корҳои хориҷӣ, ин гуна иқдоми Пхенян ба амнияти ҷаҳону минтақа таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад. Дар ин изҳорот гуфта шудааст, Тоҷикистон "аз талошҳо барои ҳалли қазияи ҳастаӣ дар нимҷазираи Корея аз тариқи абзорҳои сиёсию дипломатӣ ва инчунин изҳороти Шӯрои амнияти СММ ва Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (IAEA)" тарафдорӣ мекунад. Куриёи Шимолӣ панҷумин санҷиши ҳастаии худро рӯзи 9 сентябр гузаронд. Худи ҳамон рӯз Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои ҷорӣ кардани таҳримҳои иловагӣ ризоят дод. Пхенян аз соли 2006, аз замони аввалин санҷиши ҳастаӣ, таҳти таҳримҳо қарор дорад.

XS
SM
MD
LG