Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Александр Чеферин аз Словения президенти УЕФА шуд


Александр Чеферин
Александр Чеферин

Александр Чеферин президенти нави УЕФА – Иттиҳоди анҷуманҳои футболи Аврупо интихоб шуд. Чеферини словенӣ як ҳуқуқшинос буда, ба ҷои Мишел Платинӣ ба ин вазифа омад. Платинӣ дар пайи моҷароҳои марбут ба фасод соли гузашта аз ширкат дар ҳама гуна фаъолиятҳо дар соҳаи футбол манъ шуд. Барои Чеферини раиси Анҷумани футболи Словения дар овоздиҳии рӯзи 14 сентябр дар Атен 42 нафар ва барои рақиби ӯ Майкл Ван Прааг аз Ҳолланд 29 нафар овоз доданд. Чеферин гуфт, ки интихоби ӯ як ифтихор ва ҳам масъулияти ҷиддӣ аст. Вай гуфт, ватани ӯ барояш ҳоло ифтихор мекунад ва умед дорад, ки ба ин боварӣ сазовор мешавад. Чеферини 48-сола то соли 2019 раҳбарии УЕФА-ро ба ӯҳда мегирад. Ӯ президенти 62-юми ин ниҳоди масъули футболи Аврупо шуд.

XS
SM
MD
LG