Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: Пирназаровҳоро набераашон барои пул куштааст


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ба гумони даст доштан дар қатли хусуру хушдомани Фурқати Саид, раҳбари гуруҳи “Шашмақомхон”-ҳо, набераашон боздошт шудааст. Вазорат 14 сентябр гуфт, куштори Маҳмадбой Пирназарови 86-сола ва Зебуннисо Пирназароваи 77-сола дар Душанбе даҳ рӯзи қабл рух дода ва онҳо баъд аз чанд зарба дар ҷойи ҳодиса ҷон додаанд. “Бо истифода аз олоти буранда ба бадани мӯйсафед 15 бор ва зани солхӯрда 29 бор ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ расонда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Бо рух додани чунин воқеа пиру кампир дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - мегӯяд дафтари матбуоти ВКД. Дар пайи корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ набераи Маҳмадбой ва Зебуннисо Пирназаровҳо, ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе, дастгир шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ин ҷавон қаблан бо моддаи 244, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон маҳкум шуда буд. Ба қавли манбаъ, ин ҷавон аз бобову бибиаш пул талаб карда, баъди ҷавоби рад гирифтан ба ҳалокат расондааст.

XS
SM
MD
LG