Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари Назарбоев вакили порлумон шуд


Нурсултон Назарбоев бо духтараш Дариға Назарбоева
Нурсултон Назарбоев бо духтараш Дариға Назарбоева

Духтари калонии раиси ҷумҳури Қазоқистон Дариға Назарбоева вакили порлумони болоии ин кишвар шудааст. Фармони президент дар бораи таъйини духтараш ба мансаби нав дирӯз баъди тағйироти кадрии ҳукуматӣ содир шудааст.

Дариға Назарбоева дар ҳукумати пешини Қазоқистон аз сентябри соли 2015 то кунун мақоми ноиб-сарвазириро соҳиб буд. То замони ноиб-сарвазирӣ муовини раиси порлумон буд.

Рӯзи 9 сентябри соли ҷорӣ сарвазири Қазоқистон Карим Масимов аз мақом барканор ва раиси Кумитаи амнияти миллӣ таъйин шуд. Бакитҷон Сагинтоев курсии сарвазирии Қазоқистонро соҳиб гардид.

XS
SM
MD
LG