Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон дар рӯйхати 12 кишвари "ҳатмӣ"-и сайёҳӣ


Нашрияи бритониёии The Independent Қирғизистонро ба рӯйхати 12 кишваре ворид кардааст, ки бояд ҳар як сайёҳ ба он ҷо сафар кунад. Рейтинги кишварҳои сайёҳиро гардишгари маъруф Гуннар Гарфорс тартиб додааст, ки тақрибан ҳамаи кишварҳои дунёро гаштааст.

Гарфорс гуфтааст, ба суоли ин ки кадом кишвар барояш бештар писанд омад, посух додан душвор аст, аммо 12 кишваре ҳаст, ки ҳар кадом сайёҳ бояд ба он ҷо биравад. Ин гардишгар гуфтааст, Қирғизистон табиати зебо, бозорҳои рангоранг ва сокинони самимӣ дорад.

Моҳи сентябри соли гузашта нашрияи дигари бритониёӣ - The Telegraph низ Қирғизистонро ба рӯйхати 12 кишваре шомил кард, ки арзиши сафар карданро доранд.

XS
SM
MD
LG