Пайвандҳои дастрасӣ

Размоиши муштараки нирӯҳои Тоҷикистону Русия дар Лоҳур


Марҳилаи ниҳоии размоиши муштараки нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-и Русия рӯзи 15 сентябр дар размоишгоҳи Лоҳур, воқеъ дар 25-километрии ҷанубуғарби шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Ҷамшед Ҳусейнов, як масъули дафтари матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон, 14 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “марҳилаи ниҳоӣ бо истифода аз ҳазорҳо нирӯ ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва саркӯбии душмани шартӣ сурат мегирад. Ҳадаф омодагии ҷангии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-и Русия дар муқобила бо хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, назири терроризм ва ифротгароӣ аст”.

Ба қавли Ҳусейнов, ин размоиш бар асоси нақшаи омодагии ҷузъу томҳои нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар соли 2016 ва нақшаи муштараки омодагии ҷангии пойгоҳи 201-и Русия ҳамчун машқи муштараки баталёнӣ-тактикӣ бо тирпарронии ҷангӣ ҷараён дорад.

Ба гуфтаи ин масъули дафтари матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон, “дар ин машқҳо баталёни гурӯҳи тактикии пойгоҳи низомии 201, гурӯҳи амалиётии Вазорати дифоъ, ротаи таъиноти махсуси вазорати дифоъ, гурӯҳи таъиноти махсуси қушӯнҳои дохилии вазорати корҳои дохилӣ ва гурӯҳи таъиноти махсуси қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ширкат доранд.”

Размоиши муштараки нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-и Русия рӯзи гузашта дар размоишгоҳи “Лоҳур” шурӯъ шуда ва то 16 сентябр идома мекунад. Ба иттилои расмӣ ин нахустин размоиши муштараки нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201 – Русия дар соли ҷорӣ аст.

Аммо моҳи апрели соли ҷорӣ дар размоишгоҳи “Мағоб” размоиши муштараки нирӯҳои кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) зери номи “Ҷустуҷӯ-2016” сурат гирифт. Дар ин размоиш “гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва террорист, ки вориди Тоҷикистон шудаанд”, тавассути ҳавопаймоҳою чархболҳои ҷангӣ ва неруҳои заминӣ нобуд шудаанд. Аммо дар ин размоиш ҷузъу томҳои мухталифи иктишофӣ (разведка) аз неруҳои радиоэлектронӣ то ҳавоӣ, ширкат кардаанд.

Размоиш зери назари вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва Сардори ситоди СПАД генерал-полковник Анатолий Сидров сурат гирифт. Созмони паймони амнияти дастиҷамъӣ дар соли 1999 ташкил шуда, ба узвияти он Русия, Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Белорус шомиланд. Узбакистон дар соли 1999, дар авҷи гармии муносибатҳояш бо Ғарб ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико СПАД-ро тарк кард.

XS
SM
MD
LG