Пайвандҳои дастрасӣ

Баъди як ҳафтаи ҳабси мудири чопхонаи Маскав, ки дар пайи сӯхторе 17 нафар ҳалок шуданд, муҳандиси бехатарӣ Антон Ятсков худро ба мақомот супурд. Кумитаи тафтишотии Маскав мегӯяд, Ятсков иттиҳомро қабул надорад ва худро дар ин ҳодисаи сӯхтор дар таърихи 27 август масъул намедонад. Директори чопхона Сергей Москвин 6 сентябр ба идораи тафтишот омад. Ба дунболи сӯхтор дар чопхона, ки дар он 17 нафар, асосан шаҳрвандони Қирғизистон ҳалок шуданд, ҳам директор ва ҳам муҳандиси бехатарии сӯхтор, ҳарду дар пайгард қарор гирифтанд. Мақомоти Русия ҷониби Қирғизистонро мутмаин кардаанд, ки тафтишро ҷиддӣ ба роҳ мемонанд ва гунаҳкоронро ба додгоҳ мекашанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG