Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се сарбози Украина дар шарқи бесубот


Мақомоти Украина мегӯянд, ки дар 24 соати гузашта аз даргирӣ бо ҷудоихоҳон дар шарқи кишвар се низомии ҳукумат кушта ва 15 нафари дигар захм бардоштанд. Хушунатҳо дар ҳоле сар заданд, ки моҳи гузашта ҷонибҳои даргир ба созиши оташбас расиданд ва он аз 1 сентябр ба иҷро даромад. Хисороти ҷонии ахир дар ҳоле ҳосил шуд, ки вазирони хориҷии Олмону Фаронса барои эҳёи оташбас ба Киев сафар кардаанд. Намояндаи дафтари раёсатҷумҳурии Украина дар умури амалиёти низомӣ Александр Мотузяник ба хабарнигорон гуфт, ки хисороти ҷонии ахир дар Луҳанск ва Донетск ба вуқуъ пайвастаанд. Аз моҳи апрели соли 2014 дар пайи даргирии нерӯҳои ҳукумат ва ҷудоихоҳон дар шарқи Украина беш аз 9 ҳазор нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG