Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони хориҷаи ОМ ва ИА дар Брюссел вомехӯранд


Вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи октябри соли ҷорӣ дар Брюссел дидор хоҳанд кард. Дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон мегӯяд, ин дидор таҳти раҳбарии Федерика Могеренӣ гузашта, мавзӯи асосияш “таҳкими равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои Осиёи Марказӣ аст”. Иттиҳоди Аврупо ин ҳарфҳоро дар паёми табрикияш бахшида ба 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон баён доштааст. Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, аз раванди ислоҳот дар Тоҷикистон фаъолона ҳимоят мекунад ва “барои рушди муносибатҳои дарозмӯҳлат” омода аст.

XS
SM
MD
LG