Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё байни наврасону навҷавонон, ки рӯзҳои 8-11 сентябр дар шаҳри Кӯчии Ҳиндустон баргузор шуд, чор медал – як нуқра ва се биринҷӣ – ба даст оварданд.

Паҳлавони тоҷик Акмал Муродов дар рақобатҳо дар вазни то 81 кило миёни навҷавонон барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд. Намояндаи дигари Тоҷикистон Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 100 кило байни навҷавонон барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Инчунин, Ҳоҷимашраб Раҳмонов, узви мунтахаби Тоҷикистон, дар сабқати навҷавонон дар вазни то 90 кило ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуд. Дар сабқати наврасон Ҷаҳонгир Маҷидов, ки дар вазни то 81кило мақоми севумро касб кард, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Ба иттилои Иттиҳодияи ҷудои Осиё дар ин мусобиқот варзишгарони наврасу ҷавони қора барои 16 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони навраси тоҷик соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тайланд ду медал ба даст оварда буданд. Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 90 кило бо медали тилло ва Муҳаммадраҳим Сарахонов дар рақобатҳо дар вазни то 55 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG