Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед даъватҳои афви Сноуденро рад кард


Коргардони синамо Оливер Стон аз Кохи Сафед даъват кард, ки Эдвард Сноуденро афв кунад. Собиқ корманди истихборот Сноуден асрори маҳрамонаи давлатиро ошкор кардааст. Ҷош Эрнест, сухангӯи Кохи Сафед, рӯзи 12 сентябр гуфт, "бо он ки Оливер Стон Сноуденро дар филми худ ҳамчун як шахси бисёр муҳим тасвир кардааст, Барак Обама бар ин бовар аст, ки Эдвард Сноуден бояд ба Иёлоти Муттаҳида баргардад ва ба иттиҳоми маълумоти сиррӣ ҷавоб гӯяд."

Эдвард Сноуден ҳоло ба Русия паноҳ бурдааст. Филми Оливер Стон бо номи "Snowden" аз 16 сентябр дар пардаҳои синамо пайдо мешавад. Коргардон дар филмаш Сноуденро, ки барномаи назорати бидуни иҷозати Оҷонсии амнияти миллиро ошкор кард, аз хиёнаткор дида бештар як шахси ватандӯст тасвир кардааст. "Мо умед дорем, ки Обама ӯро афв хоҳад кард", - гуфтааст Оливер Стон.

"Ӯ мехоҳад ба хона баргардад", - гуфт Ҷозеф Гордон-Левитт, ҳунарманде, ки дар филм нақши Сноуденро бозидааст ва ӯро дар Русия дидааст. "Ӯ дар ҳақиқат ин корро содиқона аз рӯи муҳаббат ба кишвараш анҷом дод", - афзуд ин ҳунарманд. Аммо Ҷош Эрнест гуфт, иттилои махфиеро, ки Сноуден пахш кард, "ба Иёлоти Муттаҳида хисорот ворид кард" ва шарвандони Амрикоро ба хатар рӯ ба рӯ намуд. Сухангӯи Кохи Сафед гуфт, агар Сноуден ба Амрико баргардад, бархӯрд бо ӯ одилона хоҳад буд. Ӯро дар Амрико ҳудудан 30 соли зиндон интизор аст.

XS
SM
MD
LG