Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми собиқи "Газпром" нахуствазири Арманистон шуд


Карен Карапетиён, як мақоми аршади "Газпром"-и Русия нахуствазири Арманистон шуд. Хадамоти матбуоти президенти Арманистон рӯзи 13 сентябр гуфт, ки Серж Саркисиён фармони таъйини нахуствазирро имзо кард. Карапетиёни 53-сола як сол мири Ереван буд ва баъдан ба Маскав кӯч баста, ноиби раиси "Газпромбанк" таъйин шуд. Карапетиён баъдан ноиби мудири омили як бахши "Газпром-Межрегионгаз" таъйин шуд ва соли 2015 ба мақоми дигар - ноиби раҳбари кулли "Газпром Энергохолдинг" гузашт.

Собиқ нахуствазири Арманистон Новик Абраҳамиён барои нокомии ҳукуматаш дар ҳалли мушкилоте, ки кишвар ба он рӯ ба рӯ аст, истеъфо дод. "Газпром" соҳиби комили шабакаҳои тақсими газу барқи Арманистон аст, ки ба воситаи ширкати содироти газ - "Газпром Армения" анҷом мешавад.

XS
SM
MD
LG