Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шойгу Амрикоро ба вайрон кардани низоми ҷаҳонӣ муттаҳам кард


Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, Иёлоти Муттаҳида ва шарикони ғарбиашро ба вайрон кардани бунёди мавҷудаи ҷаҳонӣ, аз ҷанги Босния то Либияву Ироқ, муттаҳам кард. Суханони Шойгу рӯзи 12 сентябр дар ҳоле пахш шуданд, ки ҳафтаи пеш вазири дифои Амрико Аштон Картер Русияро ба ҷоҳталабӣ ва тахриби асосҳои низоми байналмилалӣ муттаҳам кард. Картер гуфт, ки Русия дар Украина, Сурия ва фазои кибернетикӣ "рафтори ғайриҳирфаӣ" дорад. Шойгу дар изҳороташ гуфтааст, нигаҳдории низоми ҷаҳонӣ бояд имтиёзи ҷомеаи байналмилалӣ бошад, на танҳо Пентагон. "Шарикони амрикоии мо ҳар қадар барвақт инро дарк кунанд, ихтилофҳои ҷамъшуда ҳамон қадар зудтар аз байн мераванд ва на танҳо дар масъалаи Сурия", - гуфтааст Сергей Шойгу.

XS
SM
MD
LG