Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъкиди ИА ба зарурати ислоҳоти интихобот дар Беларус


Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, ки интихоботи порлумонии 11 сентябр дар Беларус зарурати ислоҳоти фарогирро нишон дод. Дар ин интихобот ду намояндаи мухолифин пирӯз шуда ва ба порлумон роҳ ёфтанд, ки дар 20 соли ахир бесобиқа будааст. Аммо раҳбари миссияи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар ин кишвар Кент Ҳарстет рӯзи 12-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки интихобот дар ҳеҷ сурат озоду одилона набуд. Рӯзи гузашта Иттиҳоди Аврупо дар як изҳорот гуфт, "интихоботи ахири порлумонӣ зарурати ислоҳоти фарогири интихоботро ҳамчун як бахши раванди демократисозӣ, дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ, ошкор кард". Иттиҳоди Аврпуо гуфтааст, ки интизор дорад Беларус корро дар ин самт бидуни таъхир аз сар бигирад. Ҳоло порлумони Беларус асосан аз муттаҳидони президент Александр Лукашенко иборат аст.

XS
SM
MD
LG