Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташбаси Сурия расман ба иҷро даромад


Дар Сурия оташбасе, ки бо миёнаравии ИМА ва Русия ҳосил шуд, 12 сентябр расман ба иҷро даромад.

Созиши нав - дувумин талоши Вашингтону Москва дар соли ҷорӣ барои хомӯш кардани ҷанги панҷсолаи Сурия аст. Агар оташбас то як ҳафта идома кунад, пас Русияву ИМА амалиёти ҳавоии муштаракро зидди гуруҳҳои тундгаро ҳамоҳанг хоҳанд кард.

Фармондеҳии Сурия хабар дод, ки оташбас дар саросари кишвар ба иҷро медарояд, аммо низомиён ҳақ доранд, ки дар сурати шикастани оташбас посухи ҷавобӣ диҳанд. Гуруҳҳоии шӯришгаре, ки зидди режими президент Башор Асад меҷанганд, ваъда доданд, ки оташбасро риоя хоҳанд кард.

Бино бар иттилои СММ, дар ҷанги панҷсолаи Сурия на камтар аз 250 ҳазор одам кушта ва бештар аз 11 миллион гуреза шудаанд.

XS
SM
MD
LG