Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирозҳо зидди ислоҳи Қонуни асосии Озарбойҷон


Дар эътирозе, ки рӯзи 12-уми сентябр Фронти муттаҳидаи мухолифон зидди ислоҳи Қонуни асоии Озарбойҷон баргузор кард, ҳазорон нафар иштирок намуданд. "Раъйпурсӣ чаро лозим аст? Ба хотири он ки бори севум Конститутсия барои як нафар - Илҳом Алиев тағйир дода шавад", - садо додаанд иштирокдорон.

Мақомоти Озарбойҷон ният доранд, рӯзи 26-уми сентябр раъйпурсӣ анҷом дода, маҳдудияти синну солро барои номзад ба мақоми президентӣ бардоранд ва ҳамчунин муҳлати президентиро аз 5 то 7 сол тамдид кунанд. Ин раъйпурсӣ, инчунин, ҳақ медиҳад, ки ҷавонони синни 18 метавонанд номзад ба вакили порлумон шаванд. Иштирокдорони ҳамоиши эътирозии зиди ислоҳи Қонуни асосии Озарбойҷон талаб карданд, ки раъйпурсӣ манъ шавад ва бар иваз ислоҳот баргузор шуда, маҳбусони сиёсӣ озод шаванд.

Роҳбари ҳизби "Фронти халқии Озарбойҷон" Алӣ Каримли гуфтааст, мардум барои бойкот эълон кардан ба раъйпурсӣ ба эътироз баромадаанд. Рӯзноманигор Хадиҷа Исмоилова низ бар ин назар аст, ки раъйпурсӣ ба хотири аз дасти як узви хонавода ба дасти дигар узви хонавода гузаштани қудрат роҳандозӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG