Пайвандҳои дастрасӣ

Наздик ба 10 хирси сафед дар Қутби Шимол маркази ҳавосанҷиро дар ҷазираи Тройнойи Русия, воқеъ дар баҳри Карск, иҳота карданд. Дар ин бора раҳбари ин марказ ба хабаргузории ТАСС гузориш додааст. Хабаргузорӣ бо иқтибос аз Вадим Плотников мегӯяд, рӯзи 31-уми август кормандони марказ маҷбур шуданд, баъзе корҳои назоратиро қатъ кунанд, дар ҳоле ки даҳ хирси калон, бо шумули чаҳор хирси мода бо хирсбачаҳо, яке аз сагҳои нигаҳбонро куштанд. Хирсҳо то замоне дар назди маркази обуҳавосанҷӣ буданд, ки аз силоҳи ғайриҷангӣ оташ кушода онҳоро тарсонданд. Киштиҳое, ки барои марказҳои обуҳавосанҷӣ дар Қутби Шимол бор меорад дар як моҳ танҳо як дафъа ба инҷо меоянд. Хирсҳои сафед, ба рӯйхати ҳайвонҳое дохил шудаанд, ки дар ҳоли нестшавӣ қарор доранд. Бисёр вақт онҳо барои дарфёти ғизо ба марказҳои ҳавосанҷӣ дар Қутби Шимол наздик мешаванд. Шикори хирси сафед дар Русия аз замони Шӯравӣ мамнуъ аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG