Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Куриёи Шимолӣ дар пайи боз як санҷиши силоҳи ҳаставӣ


Куриёи Шимолӣ гуфтааст, ки омодааст боз як санҷиши силоҳи ҳаставӣ баргузор кунад. Дар ин бора манобеи Куриёи Ҷанубӣ бо такя ба мақомоти кишварашон хабар додаанд. Хабаргузории "Yonhap" рӯзи 12-уми сентябр бо такя ба як мақоме, ки хабаргузорӣ аз ӯ ном набурдааст, гуфт, Пхенян омодагиро барои санҷиш дар туннели "Punnggey-ri" ба анҷом расондааст.

Рӯзи 11-уми сентябр Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, барои ҷорӣ кардани таҳримҳои якҷониба алайҳи Куриёи Шимолӣ омодааст. Аммо мақомоти Пхенян таҳдидро "хандаовар" унвон карданд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин Ҳуа Чунинг рӯзи 9-уми сентябр дар вокуниш ба санҷиши силоҳи ҳаставӣ аз ҷониби Куриёи Шимолӣ гуфт: "Далелҳо бамаротиб собит кардаанд, ки танҳо такя ба таҳримҳо мушкилотро ҳал намекунад. Нигарониҳои амниятии нимҷазираи Куриё танҳо дар ҳоли ба инобат гирифтани манофеи тамоми тарафҳо ҳал мешавад. Ҳамагуна амалҳои якҷониба, дар заминаи манофеи худӣ танҳо ба бунбаст мебарад ва танишҳоро бештар печидатар мекунад. Бинобар ин амали якҷониба нигарониҳои амниятиро аз байн намебарад ва гузашта аз ин расидан ба ҳадафи ниҳоиро мушкилтар мекунад."

Куриёи Шимолӣ панҷумин санҷиши ҳаставии худро рӯзи 9-уми сентябр гузаронд. Худи ҳамон рӯз Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои ҷорӣ кардани таҳримҳои иловагӣ розигӣ дод. Аз соли 2006, аз замони аввалин санҷиши ҳаставӣ, Пехенян таҳти таҳримҳо қарор дорад.

XS
SM
MD
LG