Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Туркия даҳҳо нафарро захмӣ кард


Таркиши як мошини бомбагузоришуда дар беруни ситоди ҳизби ҳокими "Адолат ва Рушд" дар шаҳри шимолии Ван даҳҳо нафарро маҷрӯҳ кард. Раиси пулиси Ван Суат Екиси гуфт, ки ба камияш 27 нафар захм бардоштанд ва ду нафари онҳо дар ҳолати вазнин қарор доранд. Басир Аталай, намояндаи мардумӣ аз ҳизби "Адолат ва Рушд" ба матбуот гуфт, ки ду нафари захмиҳо кормандони пулис буданд. Дар наворе, ки телевизион намоиш дод, мошинҳои ёрии таъҷилӣ ба ҷойи ҳодиса шитоб доштанд ва барои хомӯш кардани оташ дар ҷойи таркиш аз тӯпҳои обпарто истифода мекарданд. Масъулияти ин ҳамларо, ки дар рӯзи аввали иди мусулмонон - Иди Қурбон ё Азҳо сурат гирифт, то ҳол касе бар дӯш нагирифтааст. Дар ҳуҷумҳои монанд ба ин Анқара дар гузашта Ҳизби коргарии Курдро муттаҳам кардааст, ки фаъолияти он дар Туркия мамнуъ аст. Аз замони шикасти оташбас дар байни Туркия ва Ҳизби коргарии Курд, аз тобистони гузашта, беш аз 600 корманди амнияти Туркия ва ҳазорҳо ҷангии Ҳизби коргарии курд кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG