Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нурсултон Назарбоев ба зиёрати қабри Каримов рафт


Нурсултон Назарбоев

Нурсултон Назарбоев

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, ба зиёрати қабри Ислом Каримов – раҳбари пешини Узбакистон – ба Самарқанд рафтааст. Дафтари матбуоти президенти Қазоқистон гуфт, Назарбоев рӯзи 12-уми сентябр вориди ин шаҳр шуд ва, қарор аст, бо хонаводаи Каримов ва, инчунин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дидору мулоқот кунад. Сафари Нурсултон Назарбоев ба Самарқанд баъди тақрибан як ҳафтаи сафари Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, сурат мегирад. Путин ҳафтаи гузашта ба Самарқанд рафта, аз оромгоҳи Ислом Каримов дидан карда буд. Дар рӯзи ба хоксупории Ислом Каримов ҳам Нурсултон Назарбоев ва ҳам Владимир Путин дар ҳамоиши раҳбарони 20 кишвари саноатии ҷаҳон дар Чин қарор доштанд. Ислом Каримови 78-сола, ки 27 сол зимоми қудратро дар Узбакистон дар даст дошт, рӯзи 2-юми сентябр бар асари сактаи мағзӣ ё инсулт даргузашт ва рӯзи 3-юми сентябр дар зодгоҳаш Самарқанд ба хок супурда шуд. Ҳоло Нурсултон Назарбоев танҳо раҳбари кишварҳои пасошӯравист, ки аз замони мавҷудияти Шӯравӣ то кунун дар сари қудрат аст.

XS
SM
MD
LG