Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ходорковский тарҳи "Ба ҷойи Путин"-ро оғоз кард


Сарватманди рус Михайил Ходорковский тарҳеро барои муайян кардани ҷойгузини Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар интихоботи соли 2018 оғоз кард. Ходорковский дар Лондон ба хабарнигорон гуфт, ки фаъолияти ин тарҳро метавон дар сомонаи ҳамноми он vmestoputina.ru пайгирӣ кард. Дар ин сомона исми номзадҳои воқеӣ сабт мешавад ва корбарон метавонанд ба онҳо овоз диҳанд. Номзади пирӯзро доварон бо назардошти раъйи корбарон муайян мекунанд. Ба рӯйхати номзадҳо исми собиқ нахуствазири русия ва раҳбари "ПАРНАС" Михайил Касянов, бунёдгузори Фонди мубориза бо коррупсия Алексей Навалний ва раҳбари "Яблоко" Григорий Явлинский шомил ҳастанд. Дар ин тарҳ намояндаи мухолифин Владимир Кара-Мурза, намояндаи мардумӣ Дмитрий Гудков ва рӯзноманигор Станислав Белковский ба сифати коршинос иштирок мекунанд. Михайил Ходорковский гуфт, ки номзадиашро барои иштирок дар интихобот пешбарӣ намекунад.

XS
SM
MD
LG