Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Арабистони Саудӣ барои бозтоби маросими ҳаҷҷи имсола як шабакаи телевизиониро ба забони форсӣ фаъол карданд. Барномаҳои нахустини ин шабака рӯзи шанбеи гузашта пахш шуд. Манобеи расмии Арабистони Саудӣ гуфтаанд, ки ин шабака барои форсизабонҳои дунё, ки умдатан дар Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон ба сар мебаранд, дар назар гирифта шудааст. Имсол бинобар афзоиши таниш байни Арабистони Саудӣ ва Эрон, даҳҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандони Эрон аз ҳаққи зиёрати Маккаву Мадина маҳрум шуданд. Дар маросими ҳаҷҷи соли гузашта бар асари талотум дар миёни зоирон дар водии Мино, ҳудуди дувуним ҳазор зоир ҷон бохтанд, ки 464 нафари онҳо эронӣ буданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG